Каме аз таърихи пайдоиши шаҳри Қӯрғонтеппа

Қӯрғонтеппа асрҳои I –IV дар аҳди Кӯшониён ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст, ки маънои  «шаҳри гӯша» -ро дорад. Муайян карда шудааст, ки теппаи таърихии шаҳр табиӣ набуда, бо дасти инсон, яъне бо роҳи сунъӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳокими шаҳри Леваканд бо мақсади сохтани он «андози хок» ҷорӣ кардааст ва мардуми ин музофот, ки барои хариду фуруш ба бозори шаҳр меомаданд, бояд ҳар кадом як хӯрҷинӣ хок оварда ба болои ин теппа мерехтанд. Дар натиҷа теппаи баландиаш аз рӯи ривоятҳо зиёда аз 150 метра бунёд гардида, атрофи онро девори бараш то 12 метр иҳота мекард, ки аз болои он ароба  бемалол гашта метавонист. Қасри ҳокими  Леваканд низ дар  болои ин теппа сохта шуда буд. Мақсад  аз  бунёди теппаи  мазкур иборат аз он будааст, ки муҳофизони муқимӣ аз ҳуҷуми душманон сари вақт бохабар шуда, онро рафъ карда тавонанд. 

Муфассал >>